Пешвои миллат: «Бӯи биҳиштии модар аз машоми фарзанд ҳаргиз дур намегардад»

Март 7, 2017 16:12

ДУШАНБЕ, 07.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Ин нуктаро имрӯз, 7 март Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи модар таъкид доштанд.
Бино ба гуфтаи Сарвари давлат, бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз дур намегардад.
«Беҳуда нест, ки гузаштагони хирадманди мо ҳанӯз чанд ҳазор сол қабл ҷашни модарро бо номи «Сипандормуз» таҷлил мекарданд ва ҳар субҳ рӯзи худро бо ниёиши неку хайрхоҳонаи «Дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ» шурӯъ менамуданд. Аз ин бармеояд, ки Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад»,- илова намуданд Пешвои миллат.
Зан- модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад.
Дар ақсои олам низ сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамоянд.

Март 7, 2017 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд