Пешвои миллат: «Ба қадри шири поки модар нарасидан бузургтарин гуноҳ аст»

Март 8, 2017 08:16

ДУШАНБЕ, 08.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба қадри шири поки модар нарасидан, заҳмати бедорхобиҳои ӯро фаромӯш кардан, ба падару модар ситам кардан ва дар пириву дармондагӣ ба қадри ранҷу азоби онҳо нарасидан бузургтарин гуноҳ аст. Ин суханонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар ҷашни Рӯзи модар иброз намуданд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд. Баробари ин, дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, аз роҳи сидқ мададгораш мегардад.

«Мо, фарзандон агар тамоми умр ба модари худ хизмат кунем, ба ранҷи шабзиндадорӣ ва заҳмати ӯ ба хотири тарбияву ба камол расонидани мо баробар шуда наметавонад»,-зикр намуданд Роҳбари давлат ва аз ҳозирин ва кулли ҳамватанон даъват ба амал оварданд, ки модарони худро дӯст доранд, нисбат ба онҳо меҳрубону ғамхор бошанд, иззаташонро ба ҷо оварда, ҳаргиз озорашон нарасонанд ва нигоҳи пур аз меҳру шафқатро аз онҳо дареғ надоранд.

Сарвари давлат ин муносибатро қарзи фарзандӣ дар назди шахсияти мубораку биҳиштии модарон шумориданд.

Март 8, 2017 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад