Пешвои миллат: «Бояд сокинони шаҳр барои ободӣ саҳми худро гузоранд»
ДУШАНБЕ, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз зимни суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки пойтахти кишвари соҳибистиқлоли мо шаҳри Душанбе имрӯз либоси идона ба бар карда, сокинони он барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин ойини аҷдодиамон омодагӣ гирифтаанд.
«Ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ то имрӯз дар шаҳри Душанбе корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонида шуданд. Воқеан, яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки ҳанӯз барои ободии бештару беҳтари шаҳр ва сазовори пойтахти давлати соҳибистиқлол гардонидани он заҳмати зиёд кашидан зарур аст», гуфтанд Сарвари кишвар.
Ҳамчунин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳар як сокини шаҳр бояд кӯшиш намояд, ки барои ободии шаҳр саҳми худро гузорад, маҳалли зист ва кору таҳсили худро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад. Зеро ин қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии ҳамаи сокинони пойтахт ва вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Барои боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахтамон имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Мо бояд аз ин имкониятҳо самараноку сарфакорона истифода барем ва шаҳрамонро ба идгоҳу наврӯзгоҳи воқеӣ табдил диҳем.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






