Пешвои миллат дар рушди телевизионҳои тоҷик ва ВАО саҳми арзанда доранд

Март 10, 2017 17:06

ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 20-солагии таъсиси кафедраи журналистикаи телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ҳамчунин 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди воситаҳои ахбори омма» баргузор гардид.
Ҷумъа Қуддус, муаллим ва яке аз ташкилкунандагони кафедраи журналистикаи телевизиони донишкадаи мазкур дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки «падидаи ташкили ин кафедра аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди истиқлолияти давлатӣ маншаъ мегирад. Зеро барои телевизионҳои мо чунин рӯзноманигороне зарур буданд, ки онҳо на танҳо бо сухан кор карда тавонанд, балки сухани хуб дошта бошанд ва ҳам бо асбобу дастгоҳҳои телевизион пурра шинос бошанд. Аз ин сабаб чунин кафедра дар Донишкадаи санъат ифтитоҳ гардид. Дар ин ҷо наворбардорон ва режиссёрон омода мешаванд. Ва ба донишҷӯён маҳорати актёрӣ низ омӯзонида мешавад».
Санавбар Мирмуллоева, декани факултаи театру кино ва телевизиони Донишкада дар суҳбат зикр намуд, ки «боиси хурсандист, ки имрӯз дар тамоми расонаҳо, матбуот ва телевизионҳои мухталифи ҷумҳурӣ донишҷӯёни мо фаъолият доранд ва дар ин соҳа саҳми арзанда мегузоранд. Пешвои миллат воқеан ҳам дар рушди телевизионҳои тоҷик ва ВАО саҳми арзанда доранд».
Бояд зикр намуд, ки имрӯз аз таъсиси кафедраи журналистикаи телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 20 сол сипарӣ гардид. Кафедраи мазкур соли 1997 таъсис ёфта, то имрӯз кадрҳои зиёде омода намудааст, ки дар тамоми расонаҳои кишвар фаъолият доранд.

Март 10, 2017 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд