Пешвои миллат: «Наврӯз метавонад ҳамчун ойини меҳру фарҳанг дар самти ҳамгироии мардуми олам нақши муассир бозад»
ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар шаҳри Турсунзода дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок карданд. Пешвои миллат кулли мардуми шарифу фарҳангии Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, хурду бузурги мардуми заҳматкашу сарбаланди шаҳри Турсунзода ва ҳозиринро ба ифтихори Наврӯзи фархундаву оламафрӯз — ҷашни бедории табиат ва инсон самимона табрик намуданд.
Фарҳанги ориёӣ дар тимсоли Наврӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардонидааст.
«Имрӯз халқҳои сайёра беш аз ҳар вақти дигар ба дӯстиву ҳамкорӣ ва хиради созанда ниёз доранд ва Наврӯз ҳоло низ метавонад ҳамчун ойини меҳру фарҳанг дар самти ҳамгироии мардуми олам нақши муассир бозида, инсониятро ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамоӣ созад»,-илова намуданд Пешвои миллат.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






