Пешвои миллат: «Шаҳри Исфара дар ҷодаи боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ соҳибмактаб ва шӯҳратёр аст»

Март 24, 2017 12:07

ДУШАНБЕ, 24.03.2017. /АМИТ «Ховар»/.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд бо вазъи соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастоварду пешравиҳои мардуми шаҳри Исфара шинос шуданд.
Пешвои миллат зимни суханронии худ иброз доштанд: «Шаҳри Исфара дар ҷодаи боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ соҳибмактаб ва шӯҳратёр буда, таҷрибаву малакаи ғании деҳқонон дар бобати парвариши зироатҳо мавриди омӯзиши кишоварзони шаҳру навоҳии дигари мамлакат қарор дорад».
Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки: «ҳоло дар қаламрави Исфара боғҳои беҳтарини зардолу мавҷуданд ва тибқи маълумоти мутахассисон дар ҳудуди шаҳру деҳоти ин мавзеи биҳиштосо қариб 70 навъи зардолу парвариш карда мешавад».
«Боғпарварони шаҳри Исфара дар солҳои соҳибистиқлолӣ майдони боғҳои зардолуро ба зиёда аз 11 ҳазор гектар расонида, ҳамасола даҳҳо ҳазор тонна зардолуи шаҳдрез ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ҳудуди деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ҳар ҳафта бозори минтақавии зардолуи хушк ва меваҷоти дигар баргузор мегардад, ки дар он соҳибкорон аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ҳатто Федератсияи Русия иштирок мекунанд»,-зикр намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Март 24, 2017 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад