Президенти кишвар ба Ҳукумати мамлакат супориш дод, ки ҷиҳати таъсиси сохтори алоҳида Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ба он ҳамроҳ намудани «Тоҷиккино» чораҷӯӣ намояд
ДУШАНБЕ, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Фақат миллате, ки ба фарҳанги миллӣ эҳтиром мегузорад, ҳамеша ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳувияти миллиашро устувор менамояд ва собитқадамона пеш меравад. Ин суханон имрӯз зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар садо доданд. Пешвои миллат дар баромадашон рушди санъати киноро низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ном бурда, иброз намуданд, ки кинои тоҷик бояд дар мавзӯъҳои таърихӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва проблемаҳои муосир филмҳои замонавӣ ба навор гирад.
«Аксари филмҳо ба завқи тамошобини имрӯза мувофиқ нестанд. Бо ташаббуси мо моҳи майи соли 2015 Шӯрои ҳукуматӣ доир ба рушди кинематография таъсис дода шуд. Вале ҳарчанд ки аз байн ду сол сипарӣ гардид, шӯрои мазкур то ба ҳол ягон филмномаро баррасӣ накарда, аз ҷониби адибони кишвар низ асаре пешниҳод нашудааст»,-илова намуд Роҳбари давлат.
Бо назардошти чунин вазъ, Президенти кишвар ба Ҳукумати мамлакат супориш дод, ки дар муҳлати ду моҳ доир ба ворид кардани тағйирот ба қарори қабулкардаи худ аз 26 декабри соли 1997 ҷиҳати таъсиси сохтори алоҳида Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ба он ҳамроҳ намудани «Тоҷиккино» чораҷӯӣ намояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






