«Рӯзи дарҳои боз» дар Китобхонаи миллӣ
ДУШАНБЕ, 24.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи «Дарҳои боз» зиёда аз се ҳазор сокинону меҳмонони пойтахт аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд. Дар ин бора аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.
Рӯзҳои 20-ум ва 21-уми марти соли равон ба истиқболи ҷашни Наврӯз Китобхонаи милии Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои боз» доир кард. Дар ин ду рӯз ҳамаи толорҳои хониш дарҳои худро ба рӯйи касоне, ки бори аввал меҳмон мешуданд, боз намуданд. Беш аз се ҳазор сокинони кишвар ва меҳмонони пойтахт вориди толорҳои хониш шуданд ва бо шароити Китобхонаи миллӣ ошно гаштанд. Дар ин рўз сокинони шаҳри Душанбе, омўзгорону донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, омўзгорон ва донишомӯзони Донишгоҳи тиҷорат, Донишгоҳи омӯзгории пойтахт ва дигар муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин, меҳмонони хориҷӣ аз Ҳиндустон, Россия, Эрон, Афғонистон ва Чин вориди Китобхона шуданд.
Кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро ба толорҳои хониш раҳнамоӣ карда, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон доданд ва бо намудҳои хизматрасониҳои ройгону шартномавии Китобхона шинос карданд. Ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки ба таърихи китоб ва китобхона дар Тоҷикистон мароқ зоҳир карданд, саҳифаҳои ин таърихро варақгардон намуданд ва онҳоро бо китобдорӣ дар кишвар ва сайри таърихии он ошно сохтанд.
Тавре аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории «Рӯзи Дарҳои боз» — ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва китобхона аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






