Рӯзи дарҳои кушода дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 13 марти соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) барои ҷалби довталабон Рӯзи дарҳои кушода эълон гардид.
Тавре аз ин донишкада хабар доданд, дар ин рӯз довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он барои ошно шудан бо шароити таълиму тадрис дар донишкадаро аз ин макони илму маърифат дидан карданд. Тамоми факултетҳои донишкада барои муаррифии донишкада, дастоварду комёбиҳои он дар самти илм ва инноватсия, таълим, тарбия ва варзиш ба донишҷӯёни оянда нишон доданд.
Довталабон дар баробари шиносоӣ бо комёбиҳо, боз аз шароити синфхонаҳо, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, хобгоҳҳо, марказҳои тестӣ, толорҳои фарҳангӣ ва варзишгоҳи замонавии ДМИТ дидан карданд.
Ба довталабон буклет ва шумораи махсуси рӯзномаи донишкадавии «Молия ва иқтисод», ки муаррифгари ихтисосҳои он аст, тақдим карда шуд.
Рӯзи дарҳои кушода дар донишкада то 18 марти соли равон давом мекунад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






