Рӯзи дарҳои кушода-ибтидои роҳ ба сӯи илму маърифат ва инноватсия
ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои илму маърифат ва инноватсияро барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею коллеҷҳо доир намуд. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин иқдоми раёсати донишкада идомаи силсилачорабиниҳои марбут ба бозгўи имконоту иқтидорҳо, ихтисосу тахассусҳо ва самту равияҳои таҳсилоти олии касбӣ дар донишкада мебошад. Дар ин рӯз довталабон намоишҳои омоданамудаи факултету кафедраҳоро тамошо намуда, аз озмоишгоҳҳо ва китобхонаи илмии донишкада дидан карданд.
Бояз зикр намуд, ки дар Рўзи дарҳои кушода ба донишкада зиёда аз 1560 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею коллеҷҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав ва Рўдакӣ омаданд.
Раёсати донишкада иқдом гирифтааст, ки барои хоҳишмандон — хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею коллеҷҳо гўшаи машваратии доимиро фаъол созад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






