Рӯзи Модар дар АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 07.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани занону бонувони мо такони ҷиддӣ бахшид. Минбаъд ба хотири дастгирии занон якчанд барнома ва стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ҳар кадоми онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нақши муҳим бозиданд.
Дар ин бора директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқ зимни ҷамъомади идона, ки нимаи дуюми имрӯз дар агентӣ бахшида ба Рӯзи Модар доир гардид, сухан гуфт. Ӯ занону бонувон – кормандони агентиро бо ин ҷашни зебои аввали фасли баҳор табрик намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Ҳар сол дар сатҳи баланди давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намудани Рӯзи Модар аз таваҷҷуҳу эҳтироми баланди Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар гувоҳӣ медиҳад.
Тавре имрӯз Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи Модар изҳор намуданд, занону модарон ва хоҳарони гиромии мо «тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш медиҳанд». Ин суханони олӣ ба шумо, бонувон — кормандони АМИТ «Ховар» низ, ки ҳам дар оила ва рӯзгор ва ҳам дар вақти иҷрои вазифаи хидматӣ ин амалҳои некро ба ҷо меоред, дахл доранд ва барои ҳамаамон бояд ҳам мояи ифтихор бошанд ва ҳам муҷиби эҳсоси масъулияти бештар гарданд.










ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






