«Рӯзнома аз нигоҳи ҷавонон»-ҷамъомад бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом таҳти унвони «Рӯзнома аз нигоҳи ҷавонон» ҷамъомад доир гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар он Абдусаттор Содиқов, Раиси созмони шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи маҳаллии «Садои Конибодом», Парвина Абдуллоева, котиби матбуотии Раиси шаҳри Конибодом ва дигар рӯзноманигорон иштирок намуданд.
«Абдусаттор Содиқов оид ба таърихи рӯзномаи «Садои Конибодом» сухан карда, ҳамзамон ҷавононро бо чанд нусха шумораҳои аввали он ошно кард, ки таҳти номҳои «Болшевики Конибодом», «Роҳи Сталин» ва «Машъали Коммунизм» рӯи чоп омадаанд»,-хабар дод манбаъ.
Парвина Абдуллоева иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март дар қаламрави кишвар таҷлил мегардад, силсилачорабиниҳоро доир менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






