Рамазон Раҳимзода бо Дэвид Рубино самтҳои ҳамкории муштаракро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати филиали Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (АБА-РОЛИ) таҳти роҳбарии директори Ассотсиатсияи мазкур Дэвид Рубино мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода ба Дэвид Рубино барои ҳамкории пайваста дар самти волоияти қонун дар Тоҷикистон, кумак дар омодасозии кадрҳо ва гузаронидани конференсия ва тренингу семинарҳо изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ бо ин Ассотсиатсияи бонуфуз ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон шурӯъ гардида, дар самти мукаммал намудани қонунгузорӣ ва соҳаҳои гуногуни фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Дэвид Рубино, Директори филиали Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (АБА-РОЛИ) изҳор дошт, ки ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла бо Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсамар ба роҳ монда шуда, як қатор тренингу семинарҳо доир гардида, китобҳои дарсӣ ба табъ расонида шуд. Дар ин ҷода саъю кӯшиши курсантони Академия дар омӯхтани илму дониш ва паҳлӯҳои гуногуни илми ҳуқуқшиносӣ боиси таҳсин аст.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани муносибатҳо ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






