Роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» мағлубиятро эътироф карда, ба ҷонибдоронаш падруд гуфт

Март 2, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» Абубакр ал-Бағдодӣ мағлубиятро дар амалиёти ҷангии охирин дар Ироқ эътироф кард. Дар ин бора шабакаи телевизиони «Ас-Сумария» бо истинод ба манбаъ аз музофоти Найнаво хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаи шабакаи телевизион, ал-Бағдодӣ ба ҳаммаслакони наздики худ бо «сухани видоӣ» муроҷиат карда, дар он дар бораи қатъи фаъолияти мақоме, ки амали ҷангиёнро дар ин минтақа ҳамоҳанг менамуд, эълон кардааст. Ал-Бағдодӣ террористонро ба ақибнишинӣ ё пинҳон шудан даъват кардааст. Ӯ ҳамчунин ҷангиёнро даъват намудааст, ки ё ба ватан баргарданд, ё маргталаб шаванд.
Манбаъ меафзояд, ки роҳбарони Шӯро ва фармондеҳони наздики ал-Бағдодӣ аз минтақаи Тел-Афар ва музофоти Найнаво ба самти Сурия фирор кардаанд.
Ёдовар мешавем, амалиёти неруҳои Ироқ ва эътилофи байналмилалӣ оид ба озоднамоии Мосул моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида буд. Рӯзи чоршанбе, 1 март неруҳои Ироқ дар бораи зери назорат гирифтани охирин роҳи калони ғарби Мосул, ки такягоҳи ДИ дар Ироқ маҳсуб мешуд, эълон намуданд.

Март 2, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд