Ронандаҳои «Опел-Астра» ва «Тико» пайи ҳам пиёдагардро пахш намуда, ғайб заданд
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи «Лексус-470», сокини 24-солаи шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Шаҳринав ба самти шаҳри Ҳисор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори рости роҳ бархӯрдааст. Бо рух додани чунин бархӯрд, ронанда бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин рӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ як садамаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», марди 32-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, ҷавони 34-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Баъдан, ронандаи мошини тамғаи «Тико», сокини 22-солаи ноҳияи Спитамен, ки дар роҳи мошингарди мазкур ҳаракат мекард, пиёдагарди дар боло зикргардидаро дубора пахш намуда, ӯ низ аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ин ронандаҳо ҳамчун гумонбар дастгир карда шуданд.
Нисбат ба ин қазия корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






