Рухсора Давлатзода ба ҷавонон: « Ба эътимоди Пешвои миллат содиқ бошед»
ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мулоқоти Рухсора Давлатзода, Раиси шаҳри Бўстон бо донишҷӯёне, ки аз шаҳри Бўстон дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар мулоқот Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раъно Бобоҷониён, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҷаббор Ахмедов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
«Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дастоварди арзишманд дар самти татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон аст, зеро ояндаи сарзамин ба фаъолияти ҷавонон вобаста аст. Аз ин рӯ аз ҳар як ҷавон тақозо карда мешавад, ки дар омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ саъю талош намуда, ба эътимоде, ки Пешвои миллат нисбат ба шумо доранд, содиқ бошед»,-зикр кард Рухсора Давлатзода.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






