Рустам Назарзода дурнамои ҳамкории дуҷонибаро бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ҳайати Бонки ҷаҳониро бо сарварии Радҳика Сринивасан, мутахассиси пешбари амалиёти бонкӣ ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Рустам Назарзода бо меҳмонон дар бораи вазъи ба амаломада дар кишвар, ҳамчунин роҷеъ ба фаъолиятҳои Кумита, қисмҳои сохторӣ ва ҳамкории байналмилалии он суҳбат кард.
«Радҳика Сринивасан зикр кард, ки Кумита ахиран дар пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ, аз ҷумла дар бартарафсозии оқибатҳои лағзиши тарма корҳои муфидро анҷом додааст. Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ба рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард. Инчунин дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди дурнамои ҳамкории дуҷониба изҳори назар карданд ва масъалаҳои барои ҳарду тараф манфиатоварро баррасӣ намуданд»,-хабар доданд аз Кумитаи мазкур.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






