Сӯхтор дар яке аз утоқҳои бинои Маҷлиси намояндагон сари вақт хомӯш карда шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 07:27 ба Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар яке аз утоқҳои бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ сар задааст.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса маълум гашт, ки дар утоқи қабули шаҳрвандон сӯхтор ба амал омадааст.
Зимни ҳодиса аз ҷониби Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ду мошини сӯхторхомӯшкунӣ сафарбар карда шуда, сӯхтор сари вақт хомӯш карда шуд.
«Сабаби сар задани сӯхтор аз рӯи хулосаи пешакӣ аз гармшавии ноқилҳои компютерҳо сар задааст. Гурӯҳи корӣ санҷишро идома дода истодааст»,-иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






