Саҳми ДМИТ дар ободкорӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо мақсади сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёну кормандони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ҳамаи кормандону донишҷӯёни донишкада ба ҳашари умумӣ баромаданд.
Дар ҳашар масъулон аз раёсати донишкада, устодону кормандон ва донишҷӯён, дар маҷмӯъ зиёда аз 850 нафар иштирок намуда, атрофи роҳи калони кӯчаи Борбад то кӯчаи Нахимови ноҳияи Синоро ба тартиб дароварда, ҷӯйборҳоро тоза карданд.
Ҳамчунин як қисми донишҷӯёну кормандон атрофи ин таълимгоҳро тоза карда, заминҳоро побел ва бехи дарахту буттаҳоро мулоим карданд. Ҳамзамон иштирокчиёни ҳашар синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёнро тозаву поккорӣ карда, барои ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани онҳо саҳми назаррас гузоштанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






