Сафи занон дар низоми бонкии кишвар меафзояд
ДУШАНБЕ, 16.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи занро дар ҷомеа дар мадди аввал гузошта, нисбат ба занон ғамхории ҳамаҷониба зоҳир менамоянд. Ин нукта дирӯз дар ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Бонки миллии Тоҷикистон зикр гардид. Дар ин бора аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова ва кормандони Бонки миллӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур Лола Салимова, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон гуфт, ки «дар Бонки миллии Тоҷикистон занон аз корманди оддӣ то ба вазифаҳои пурмасъули муовини Раис, мушовири Раис, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад».
Зикр шуд, ки то 1 феврали соли 2017 занон аз ҳисоби умумии кормандон дар дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон 32% ва дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 33% -ро ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии кормандони роҳбарикунандаи Бонки миллии Тоҷикистон 35 нафар ё 25%-ро занон ташкил мекунанд, ки саҳми онҳо дар пешбурди кори низоми бонкии мамлакат назаррас аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






