Сафири Тоҷикистон дар Чин аз Донишгоҳи Венҷоуи дидан кард

Март 15, 2017 16:35

ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории дуҷониба Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода аз Донишгоҳи Венҷоуи музофоти Ҷеҷианг дидан кард.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии умҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сафир бо ректори Донишгоҳ профессор Ли Сяокун вохӯрӣ намуд, ки зимни он масъалаҳои барқарор намудани робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии Донишгоҳи Венҷоу бо шарики муносиб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Сипас сафири Тоҷикистон бо Осорхона, Маркази фарҳангӣ, Маркази соҳибкорӣ ва инноватсионии Донишгоҳи зикргардида шинос шуда, инчунин бо гурӯҳи донишҷӯёни факултетҳои соҳибкорӣ, молиявию иқтисодӣ ва фарматсевтӣ мулоқот намуд. П.Давлатзода оид ба таърихи робитаҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Чин, инчунин дар бораи рушди илм ва маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуда, ҳадафи асосии ташрифи худро дар мустаҳкам намудани муносибатҳои илмию таълимии кишварҳои бо ҳам дӯст Тоҷикистону Чин маънидод намуд.

Март 15, 2017 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд