Сафири Тоҷикистон дар маросими қасамёдкунии Президенти Олмон иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли равон дар бинои Рейхстаги (маҷлисгоҳи парлумон) пойтахти Олмон-шаҳри Берлин маросими расмии қасамёдкунии Президенти тозаинтихоби федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор мешавад. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Барои иштирок дар ин маросими давлатӣ бо даъвати раисони Палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумони Олмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов даъват гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки 12 феврали соли равон дар ҷараёни Маҷлиси Федералӣ бо аксари овозҳо собиқ Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ба ҳайси Президенти 12-уми Олмон интихоб гардид. Франк-Валтер Штайнмайер дар мансаби Вазири корҳои хориҷии Олмон солҳои 2006 ва 2016 бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






