Санҷиши ҳолати риояи қонунгузорӣ дар ширкатҳои муштарак
ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар як қатор ширкатҳои бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолиятбаранда санҷиши назоратӣ гузаронид.
Чунин санҷишҳои назоратӣ, аз ҷумла, ширкатҳо ва корхонаҳои муштараки шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Спитаменро дар мавриди риояи қонунгузорӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор доданд.
Аъзои гурӯҳи корӣ дар ҷараёни санҷиши назоратӣ ҳамчунин корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда, ба шаҳрвандони хориҷӣ оид ба риояи қатъии қоидаҳои будубош ва қонунҳои амалкунанда маълумот доданд.








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






