Шариф Саид: «Тоҷикистон кишварест дорои имкониятҳои зиёд барои рушди тиҷорат ва ҳамкорӣ»
ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон -Роҳбари барномаи рушди иқтисоди Тоҷикистон Лаура Чизмо, сардори Лоиҳаи минтақавӣ оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва ташкили ҷойҳои корӣ Ҷеф Райд, мутахассис оид ба идоракунии лоиҳаи рушди иқтисодии USAID дар Тоҷикистон Тоҷиддин Наҷмиддинов ва директори лоиҳаи DAI USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Камолиддинов вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, муносибат ва ҳамкории Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагии USAID барои беҳтаргардонии шароити ба амал овардани тиҷорат дар доираи баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии хоҷагии қишлоқро баррасӣ намуданд.
Лаура Чизмо ҳавасмандии худро ҷиҳати шарикӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, гуфт, ки «USAID баҳри амаликунии барнома, ки барои устуворгардонии рушди иқтисоди тоҷик ва баланд бардоштани рушду нумӯи аҳолии маҳал равона гардидааст, кор мекунад».
«Тоҷикистон кишвари дорои имкониятҳои зиёд барои рушди тиҷорат ва ҳамкорист. Ба ин хотир ҳамкории дуҷонибаи мо баҳри рушду устуворгардонии тиҷорат, дастрасии тоҷирон ба бозори беруна ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд»,-иброз намуд Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид дар анҷоми вохӯрӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






