Шиносоии Рамазон Раҳимзода бо кори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ

Март 20, 2017 11:53

ДУШАНБЕ, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ аз сатҳу сифати корҳои анҷомдода изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Шуъбаи мазкур 1 адад мошини хизматии тамғаи «Нива» тақдим намуд. Мавсуф тамоми кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологиро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти хизматӣ пешравию муваффақият таманно кард.
Зикр гардид, ки кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ ҷиҳати риояи қонуният, ҳифзи муҳити зист ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ бояд тамоми малакаю маҳорати касбиро равона намуда, бар зидди ҷиноятҳои экологӣ, аз ҷумла, нисбат ба ҷинояткороне, ки ба маҳв ва нобуд кардани ҳайвоноти нодир ва дарахтону растаниҳое, ки ба «Китоби Сурх» ворид гардидаанд, даст мезананд, оштинопазир бошанд.
«Кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ изҳор доштанд, ки бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шаҳрвандонро пешгирӣ менамоянд»,-иттилоъ доданд аз ин ниҳод.

Март 20, 2017 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад