Ширкати Рамазон Раҳимзода дар маросими ҷоизасупорӣ бахшида ба 100-солагии милитсияи Ҷумҳурии Беларус
ДУШАНБЕ, 06.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Минск дар ҷамъомад ва маросими ҷоизасупорӣ бахшида ба 100-солагии милитсияи Ҷумҳурии Беларус ширкат варзид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад вазирони корҳои дохилӣ ва меҳмонон аз 18 давлати дунё иштирок намуда, роҳбарият ва кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларусро бо ин санаи бузург ва хотирмон самимона табрик карданд.
Рамазон Раҳимзода бахшида ба ҷашни якасраи милитсияи Беларус Вазири ин кишвар Игор Анатолевич Шуневич ва кормандони ин ниҳоди бонуфузро шодбош гуфта, ба ӯ туҳфаи хотиравии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб дар ҳамкории пайваста қарор дошта, дар самти мубодилаи иттилоот, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ фаъолият менамоянд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






