Сироҷидин Аслов бо Ҳонгҷу Ҳам равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва ЭСКАТО-ро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Ҳонгҷу Ҳам 16 март дар Душанбе баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЭСКАТО, аз ҷумла, масъалаҳои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт, ҳамгироӣ ва ҳампайвандии кишварҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба омодагӣ ва иштирок дар ҷаласаи 73-юми Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки баргузории он рӯзҳои 15-19 майи соли равон дар Бангкок ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






