Соҳаи тандурустии вилояти Хатлон рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва дастгирӣ дар самти беҳдошти сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, гурӯҳи коршиносон аз Ташкилоти умумиҷаҳонии татндурустӣ ба вилояти Хатлон омаданд. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар доираи лоиҳаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар самти ташкил намудани клиникаи мобилии бисёрсоҳа дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯғонтеппа ба мувофиқа расиданд. Дар назар аст, ки таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби ҳамкории техникии давлати Ҳолланд моҳи октябри соли 2017 вориди вилоят шаванд.
Аз ҷумла, дар Маркази ҷарроҳии вилояти Хатлон намудҳои нави ҷарроҳӣ, аз қабили невриномаи қисми камари ҳароммағз, остеомаи устухони тораки косахонаи сар, менингомаи мағзи сар гузаронида мешаванд, ки мушкилоти шаҳрвандони вилоятро хеле осон намудааст.
Беморони вилоят имкон доранд бе харҷи барзиёд дар муассисаҳои тиббии вилоят ҷарроҳӣ шаванд.
Бояд гуфт, ки ин кор бо ворид гардидани таҷҳизоти муосири тиббӣ ба муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ва баланд гардидани сатҳи касбии кормандони он роҳандозӣ гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






