Соҳибкорони Арабистони Саудӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд

Март 15, 2017 15:32

ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳи соҳибкорон аз ширкати тиҷоратии «Al-bassaimi Group of Companies»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, нимаи дуюми имрӯз, 15 март Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassaimi Group Co» бо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии самоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шариф Саид, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ хоҳад кард.
Сафари гурӯҳи соҳибкорон аз ширкати тиҷоратии «Al-bassaimi Group Co»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба шаҳри Душанбе то 19 март идома ёфта дар доираи он Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ, Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassaimi Group Co» бо Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадшариф Ҳақдод, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷиддин Пирзода, раиси «Тоҷиксодиротбонк», Маҳмадсаид Зувайдов, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе мулоқот мекунад.
Меҳмонон дар доираи ин сафар аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе, боғи ба номи Абӯабуллоҳ Рӯдакӣ, майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Наврӯзгоҳ» ва «Кохи Наврӯз» боздид ба амал меоранд.

Март 15, 2017 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад