Сокини шаҳри Исфара бо гумони қатли ҳамсар дар заминаи рашк дастгир шуд

Март 17, 2017 12:03

ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷинояти куштор, ки дар заминаи рашк содир шудааст, хабар медиҳад.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 45-солаи сокини шаҳри Исфара аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд. Гумонбаршуда, 15 марти соли 2017, тахминан соати 22:30 дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада ва аз ҳиссиёти рашк, ҳамсари 40-солаашро бо мушту лагад ба сару рӯй ва аъзои баданаш зада, ба ҳалокат расонидааст.
«Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад»,-иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.

Март 17, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад