Сокинони Хатлон имсол Наврӯзро дар Фархор таҷлил мекунанд

Март 13, 2017 17:32

ҚӮРҒОНТЕППА, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ҷашни вилоятии «Наврӯз-2017» дар ноҳияи Фархор баргузор мегардад. Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, барномаҳои наврӯзӣ дар Фархор 21 март барпо мегарданд. Барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин барномаҳо Кумитаи тадорукоти баргузории ҷашнхои вилоятии «Наврӯз-2017» таъсис дода шудааст.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамзамон иттилоъ доданд, ки дар ҳар шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободониву бунёдкорӣ ва шинонидани дарахтҳо ба роҳ монда шудаанд.

Март 13, 2017 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик