Суғд: Ташкили хони идонаи наврӯзӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ
ХУҶАНД, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту идораҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барномаҳои идона доир мегарданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, 17 март тибқи дастури раиси вилояти Суғд ва нақшаи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҳамдастии соҳибкорону ташкилотҳои сарпараст бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ барномаҳои идона ташкил карда шуда, бошандагони ин муассисаҳо бо аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Аз ҷумла, чунин барномаҳои идона дар Муассисаи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбони шаҳр, Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара, Хонаи бачагони шаҳри Исфара, Хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Истаравшан, Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодом, Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент, Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон, Интернати наздимактабӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Спитамен, Интернати наздимактабии ноҳияи Ашт, Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Интернати наздимактабии ба номи Дадоҷон Бойматови ноҳияи Шаҳристон, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гузаронида шуда, дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, ҳамчунин барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






