«Суғдсинамо» давоми ду сол панҷ филмро ба навор гирифтааст

Март 2, 2017 14:57

ХУҶАНД, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 1 март дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд нишасти хабарии Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов бо иштироки васеи рӯзноманигорони ВАО-и вилоят доир гардид. Зимни нишаст роҳбарияти муассисаи «Суғдсинамо» доир ба фаъолияти дусолаи худ-шурӯъ аз 1 марти соли 2015 ҳисобот доданд.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», директори «Суғдсинамо» Муҳиддини Музаффар зимни нишаст гуфт, ки  дар давоми ду сол аз ҷониби аҳли эҷоди ин киностудия панҷ филми ҳунарӣ ба навор гирифта шудаанд. Инҳо филмҳои «Паймон», «Коса», «12 соли интизорӣ», филмҳои ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун» ва «Тангно» ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, филми «Коса» дар фестивалҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Лондон, Қазони Россия ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳои хоса гардидааст.

Филми охирини ин киностудия- «Тангно»   аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон давоми 75 рӯз дар ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент ба навор гирифта шудааст. Пас аз тадвину таҳия интизор меравад, ки он моҳи сентябри соли равон ба намоиш гузошта шавад.

Ба гуфти директори «Суғдсинамо», эҷоди фазои филмофарӣ дар вилояти Суғд дар замони соҳибистиқлолӣ бесобиқа ба ҳисоб рафта, он чун як соҳаи ояндадору даромаднок дар оянда рушд хоҳад кард. Зеро то имрӯз гурӯҳи эҷодии «Суғдсинамо» дар давоми ду соли фаъолият аллакай боварии тамошобинро ба даст оварда, ҳамзамон дар самти рушди кинои миллӣ дар вилоят қадамҳои нахустини устувор гузоштааст. Умед аст мактаби филмофарӣ ва ҳам тарбияи ҳунармандону бозингарони филм низ ташаккул ёбад.

Март 2, 2017 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад