Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат

Март 20, 2017 15:06

20.03.2017, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони аҳли зиё!

Дар оғози сухан мехоҳам тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, кулли тоҷикону форсизабонони дунё ва мардуми кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, инчунин, ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори фарорасии ин ойини хусравонӣ, яъне Наврӯз, ки чанд сол инҷониб ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил мегардад, самимона табрик гӯям.

Наврӯзи бостонӣ, ки хусусияти барҷастаи он ҷашни хурсандии хурду бузург, яъне тамоми мардум мебошад, дар кишвари мо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо рамзу ойинҳои бисёр дерина ва рангу таровати басо дилчаспу зебандаи худ эҳё гардида, ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст.

Яъне мардуми мо – марду зан, пиру ҷавон, ҳама ин ҷашнро интизорӣ мекашанд, барои истиқболи арзандаи он омодагӣ мегиранд, расму ойинҳои наврӯзиро бо хурсандиву хушҳолии зиёд ва дастҷамъона ба ҷо оварда, беҳтарин нияту орзуҳои худро бо Наврӯз, ки Соли нави аҷдодиамон мебошад, пайванд медиҳанд.

Ҳамчун рамзи неки наврӯзӣ мулоқоти Роҳбари давлат бо намояндагони зиёиён низ ҳар сол дар арафаи ин ҷашни мубораки миллиамон доир мегардад.

Бояд гуфт, ки эҳёи ҷанбаҳои мардумии Наврӯз, тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо яке аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли зиё мебошад.

Вобаста ба ин, мехоҳам бори дигар хотирнишон намоям, ки сатҳи донишу маърифати мардум, хусусан, наврасону ҷавононро баланд бардоштан, ҳисси ифтихори миллии наслҳоро бедор сохтан ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ асолат ва арзишҳои миллиро ҳифз кардан рисолати ҳар як зиёии ватандӯст ба шумор меравад.

Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба аҳли зиё такя карда, ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ менамоем.

Зеро зиёиён ҳамчун нерӯи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд.

Соли гузашта, ки барои мардуми мо соли воқеан таърихӣ буд, зиёиёни мо, аз ҷумла устодону омӯзгорон, олимону донишмандон, шоирону нависандагон, рассомону оҳангсозон ва аҳли санъат ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани ҷашни 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, тавассути доир намудани чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ фаъолона ширкат карданд ва дар масъалаи тарғиби моҳияти истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми пурарзиш гузоштанд, ки мо аз чунин иқдомоти ватандӯстонаи онҳо сипосгузорем.

Воқеан, тарғиби бузургтарин дастоварди халқамон — истиқлолияту озодӣ вазифаи аввалиндараҷаи зиёиён маҳсуб ёфта, онҳо бояд дар таҳқиқоту асарҳои худ аҳаммият ва муҳтавои ин мафҳумҳои муқаддасро боз ҳам васеътар инъикос созанд, ба хотири таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азиз, инчунин, забон, фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ минбаъд низ кӯшиш намоянд.

Мо соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намудем ва бовар дорем, ки шумо, аҳли зиё, ташаббусҳои насли ояндасозро дасгирӣ карда, дар қалби ҳар як наврасу ҷавон ҳисси миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиро бедор месозед, онҳоро ба роҳи омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон — Тоҷикистон ҳидоят менамоед.

Мо бояд ба зиёиёни ҷавон роҳи васеъ кушода, барои онҳо имконият фароҳам орем, ки дастоварду ихтироот ва маҳсули эҷоди худро ба дигарон муаррифӣ созанд.

Махсусан, ҷалби ин табақаи нерӯманд ба омӯзиши илм ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир аҳаммияти бағоят муҳим дорад.

Маҳз бо ҳамин сабаб, Ҳукумати мамлакат ба рушди илм диққати махсус дода, ҷалби наврасону ҷавононро ба ин соҳаи муҳим аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа мешуморад.

Аз ин рӯ, сохторҳои илмиву таълимии кишварро зарур аст, ки омӯзиши илмҳои муосир, бахусус, илмҳои табииву риёзиро ҷиддӣ ба роҳ монда, баргузории маҳфилу чорабиниҳои илмиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва муассисаҳои илмӣ бештар созанд ва ҷавононро ба чунин чорабиниҳо ҳарчи бештар ҷалб намоянд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар рӯзи 22 декабри соли 2016 оид ба нақши калидӣ доштани илми ватанӣ дар рушди устувори ҷомеа таъкид карда будам.

Олимонро зарур аст, ки ба рушди минбаъдаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносиву техникӣ ва ба талаботи ҷомеа равона сохтани нерӯи илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, фаъолияти худро дар самти ихтироъкориву навоварӣ, ҳамчунин, ҷалби ҷавонони болаёқат ба корҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ боз ҳам ҷоннок намоянд.

Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо барои давраи наздик — гузариш аз давлати аграрӣ ба давлати индустриалӣ – аграрӣ ба шумор меравад.

Бинобар ин, дар истеҳсолоти ватанӣ татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва инноватсиониву технологии олимони кишвар дар роҳи расидан ба ин ҳадаф нақши асосӣ мебозад.

Бо мақсади мустаҳкам намудани алоқаи илм бо истеҳсолот ва дар истеҳсолоти ватанӣ татбиқ намудани дастовардҳои илм ва технологияҳои инноватсионӣ дар Паём дастур дода будам, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази татбиқи технологияҳои инноватсионӣ таъсис дода шавад.

Фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии ин марказ бояд дар самти тақвият бахшидани иқтидори истеҳсолоти ватанӣ тавассути татбиқи дастовардҳои илмӣ нақши муассир дошта бошад.

Танҳо робитаи мустаҳками илму амалия метавонад ба истеҳсолот таъсири мусбат расонад ва назарияву ихтирооти олимон дар амал татбиқ гарданд.

Аз ин рӯ, олимони моро зарур аст, ки ба омӯзиши проблемаҳои муосир ва кашфиёту ихтирооти ба истеҳсолот нигаронидашуда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар баробари ин, олимони соҳаи ҷомеашиносӣ низ бояд корҳои илмии худро ба самтҳои таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва огоҳ кардани аҳли ҷомеа аз таъсири хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир равона намоянд, зеро ин масъалаҳо торафт аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо карда, ба муносибатҳои байналмилалӣ ва суботу оромии сайёра таъсири амиқ гузошта истодаанд.

Кишвари мо низ аз лиҳози мавқеи ҷуғрофии худ аз таъсири ин равандҳо дар канор буда наметавонад.

Бинобар ин, ҷомеашиносон бояд равандҳои зикршударо фаъолона таҳлил карда, оид ба ҷанбаҳои гуногун ва оқибати онҳо ба амнияту суботи давлат ва ҷомеаи мо андешаву хулосаҳои асоснок пешниҳод намоянд.

Дар марҳалаи ҳозира бо истифодаи самаранок аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути расонаҳои хабарӣ зеҳну ҷаҳонбинии мардум, алалхусус, наврасону ҷавононро ба тафаккури илмии прагматикӣ ва пешрафтаву амалгаро табдил додан вазифаи зиёиён мебошад.

Дар ин самт аз таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ васеъ истифода намуда, тарғиби тафаккури пешрафта ва ҳисси миллиро вусъат бахшидан қарзи виҷдонии ҳар як зиёии ватандӯст мебошад.

Ҳозирини арҷманд!

Рушди мунтазами соҳаи фарҳанг, ки ба беҳдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, ҷаҳонбиниву тафаккур, зеҳну шуур, майлу рағбати зебоиписандӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои мардуми фарҳангсолори моро ташаккул медиҳад, дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Зарур аст, ки аҳли эҷоди кишвар – олимон, ходимони адабиёт, театр, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, кино ва дигарон низ бо дарназардошти ин рисолати инсонсози фарҳанг ба рушди ҳамаҷониба ва мунтазами он таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоянд.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ мо дар самти ҳифзу нигаҳдории мероси фарҳангии халқи куҳанбунёдамон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешидем ва дар даврони начандон тӯлонӣ ба эҳё кардану таҳким бахшидани асолати миллӣ, забон ва фарҳанг, ки рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошанд, муваффақ гардидем.

Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.

Ин мероси пурғановати миллиро ҳифз кардан ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он вазифаи на танҳо давлат, балки қарзи виҷдониву инсонии ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар, махсусан, зиёиён мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба беҳтар намудани вазъи фарҳанги миллӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон корҳои зиёдро амалӣ намудем, вале сатҳу сифати фаъолияти муассисаҳои фарҳангу фароғат ва фарогирии доираҳои гуногуни мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҳанӯз ҳам беҳбудӣ мехоҳад.

Аз ин рӯ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки доир ба ҳалли ин масъала тадбирҳои якҷояро амалӣ гардонанд.

Яке аз бахшҳои дигари фарҳанг, ки ба дастгирӣ ва дар айни замон ба фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳамаи сохторҳои дахлдор дар самти рушди минбаъдаи он ниёз дорад, санъати театрӣ мебошад.

Санъати театрӣ метавонад таъриху тамаддун, арзишҳои миллӣ ва ҳаёти муосирони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Сабаби асосии рушд накардани соҳа набудани асарҳои драмавии мувофиқ ба завқи тамошобини имрӯза мебошад.

Бинобар дуруст фаъолият накардани Шӯрои бадеӣ дар назди Вазорати фарҳанг, ташкил нагардидани муҳокимаи асарҳои саҳнавӣ ва набудани талаботи ҷиддӣ нисбат ба интихоби асарҳои саҳнавӣ ба тамошобинон асарҳои каммазмун ва камаҳаммият пешкаш мегарданд.

Дар натиҷа имрӯз шумораи тамошобин кам шуда, мавқеи театрҳо дар ҷомеа суст гардида истодааст.

Тавре ки медонед, театрро оинаи ҳаёт мегӯянд ва ин навъи санъат бояд рӯҳи солим дошта бошад.

Яъне барои театрҳои кишвар асарҳое таълиф бояд кард, ки рӯҳи қавии мардуми Тоҷикистонро ифода намоянд, ҳаёти осудаи халқро инъикос кунанд ва завқу ҳаваси тамошобинро ба зиндагӣ бештар гардонанд.

Ҳарчанд ки дар панҷ соли охир дар театрҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ 172 асар ба саҳна гузошта шудааст, вале онҳо ҳанӯз талаботи тамошобинро қонеъ карда наметавонанд.

Қисми зиёди ин намоишномаҳо такрори ҳамдигар буда, аз лиҳози мазмуну муҳтаво якрангу якмаром мебошанд.

Баъзе намоишномаҳо асарҳои тарҷумавӣ буда, аз рӯзгори мардуми мо дуранд ва тамошобин онҳоро хуб қабул карда наметавонад.

Дар аксари саҳнаҳо мавзӯъҳои рӯз, воқеаву рӯйдодҳои даврони истиқлолият, ҳаёти мардуми тоҷик ва масъалаҳои маънавию ахлоқӣ кам мушоҳида мешаванд.

Ба мисли дигар эҷодгоҳҳои бузург театр низ бояд ҷавобгӯи равандҳои мубрами ҳаёт бошад.

Аз ин рӯ, адибони моро зарур аст якҷо бо ходимони театр асарҳои саҳнавие офаранд, ки ҳаёти гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷикро воқеъбинона ва рангин инъикос намуда, ҷаҳони маънавии тамошобинро ғанӣ гардонанд.

Дар баробари ин, ҷиҳати омода кардани ҳунарпешаҳо, коргардонҳо ва рассомони театр, аз ҷумла барои театри миллӣ, ки имрӯзҳо бунёди он идома дорад, инчунин, доир ба ташкили студияҳои хурд дар назди театрҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ зарурати гиромидошти фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули насли наврасе, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи ояндаро ба уҳда мегирад, ба маротиб меафзояд.

Дар ин асос мо бояд дар қалби онҳо зиракии сиёсиву худшиносии миллиро, ки дар пояи эҳтиром ва дӯст доштани Ватан — модар, забон ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ташаккул меёбад, тавассути гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ҷой диҳем.

Зеро танҳо шахси аз таъриху фарҳанги миллати хеш бохабар, худшиносу худогоҳ ва дорои ҳисси баланди миллӣ дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор пайдо карда метавонад.

Дар марҳалаи кунунӣ сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба таъмини амнияти фарҳангии кишвар, таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, тавсеаи тафаккури созандаву бунёдгарона, болоравии ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории сокинони мамлакат, яъне ба тақвияти ҳувияти миллӣ нигаронида шудааст, ки дар ин раванд нақши зиёиён бояд назаррас бошад.

Вобаста ба ин, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам, ки фақат миллате, ки ба фарҳанги миллӣ эҳтиром мегузорад, ҳамеша ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳувияти миллиашро устувор менамояд ва собитқадамона пеш меравад.

Имрӯз рушди санъати кино низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Кинои тоҷик бояд дар мавзӯъҳои таърихӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва проблемаҳои муосир филмҳои замонавиро ба навор гирад.

Вале чунонки мебинем, аксари филмҳо ба завқи тамошобини имрӯза мувофиқ нестанд.

Бо ташаббуси мо моҳи майи соли 2015 Шӯрои ҳукуматӣ доир ба рушди кинематография таъсис дода шуд.

Вале ҳарчанд ки аз байн ду сол сипарӣ гардид, шӯрои мазкур то ба ҳол ягон филмномаро баррасӣ накарда, аз ҷониби адибони кишвар низ асаре пешниҳод нашудааст.

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар муҳлати ду моҳ доир ба ворид кардани тағйирот ба қарори қабулкардаи худ аз 26 декабри соли 1997 ҷиҳати таъсиси сохтори алоҳида – Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ба он ҳамроҳ намудани “Тоҷиккино” чораҷӯӣ намояд.

Таъкид месозам, ки зиёиёни мамлакат ба масъалаи рушди соҳаи театр ва кино ҳамчун ҷузъи муҳимтарини ҳаёти фарҳангии кишвар набояд бетараф бошанд.

Баръакс, зиёии асил дар раванди ташаккул ва тавсеаи тафаккури миллӣ ҳамеша фаъол буда, ба раванди пешрафти маънавиёти ҷомеа таъсир мерасонад, каму костиҳои ҷомеаро аз ҳама пеш дарк мекунад ва барои рафъи онҳо тадбир меҷӯяд.

Бовар дорам, ки шумо, зиёиёни мамлакат, дар ин амали хайру шоиста минбаъд низ ҳиссаи арзишманди худро гузошта, ба хотири густаришу тавсеаи бештари тафаккури аҳли ҷомеа ҷидду ҷаҳд менамоед ва ҳамчун нерӯи пешқадам дар раванди таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз саъю талоши ватандӯстонаи худро дареғ намедоред.

Боиси ифтихор аст, ки мову шумо Наврӯзи имсоларо дар оғози амалишавии ташаббуси нави Тоҷикистон доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҷашн мегирем.

Об ҳамчун воситаи асосии ҳаёти инсон дар ойини гузаштагони мо рукни муқаддас ва яке аз чор унсури асосии зиндагӣ ҳисобида шуда, сарфакорона истифода намудани онро аҷдоди мо ҳамчун андарзи зиндагии наслҳо бисёр муҳим мешумориданд.

Бо дарназардошти мушкилоти об, ки имрӯз башарият ба он рӯ ба рӯ омадааст, аҳли зиёи кишвар бояд дар тарғиби аҳаммияти пешниҳоди мазкур пешсафу фаъол бошанд ва дар самти амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ҳарчи бештар ҷидду ҷаҳд намоянд.

Ба хотири амалӣ шудани ҳадафҳои неки ояндасозатон ба ҳар кадоми шумо барори кор ва комёбиҳои тозаи эҷодӣ мехоҳам.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарам ва кулли зиёиёни кишварро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо ва ҳар фарди Ватан хонаи обод, бахту саодат ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.

Наврӯзатон муборак бошад, ҳамватанони азиз ва аҳли зиёи кишвар!

Март 20, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард