Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Истанбул
Анқара, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташабусси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Иди Наврӯзи хуҷастапай бо шукӯҳи хоса дар ҳалқаи ҳамватанон ва донишҷуёни тоҷик баргузор гардид. Дар чорабинии Наврузӣ зиёда аз 150 нафар ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷики муқими аз Истанбул ва дигар ноҳияҳои атрофи вилояти Истанбул иштирок намуданд.
Дар барномаи Наврузӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул Мизробиддин Сафаров суханронӣ карда, ҳамватанон ва донишҷуёни тоҷикро ба муносибати Иди байналмиллалии Наврӯз ва оғози фасли баҳор самимона табрику муборакбод намуд ва ҳозиринро ба таҳкими дӯстӣ, поксозии қалбҳо ва ваҳдату ягонагӣ даъват кард.
Дар ҷашни Наврӯзӣ дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин бо суманак ва дигар хурокҳои миллӣ ороста шуда, таҳти садои суруду мусиқии халқӣ, мероси бойи аҷдодонамон, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, асарҳои косибӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон ва маводҳои таблиғотӣ доир ба муаррифии симои мусбии кишварамон ба манзури иштирокчиён пешкаш гардиданд.
Дар чорабинии мазкур инчунин меҳмонон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони баъзе Донишгоҳҳои муқими Истанбул суханронӣ карда, ҳозиринро бо фарорасии Иди байналмиллалии Наврӯзи аҷам табрику муборакбод намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






