Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат
ВАҲДАТ, 21.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иштироки раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони шаҳр ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода сокинони шаҳрро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, барояшон соли неку бобарор орзу намуд. Раиси шаҳр миннатдории хешро барои иштироки сокинони шаҳр дар маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ, ҳифзи оромии ҷомеа ва муқаддас доштани обу хоки ватан баён дошт ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар ҷашни Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамчунин дар ҷашни Наврӯз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзишгоҳҳои шаҳр, раёсати кишоварзӣ ва ҷамъияти матлуботу шуъбаи маорифи шаҳр дастовардҳо, хӯрокҳои миллӣ ва ҳунару санъати гузаштагонро ба намоиш гузоштанд. Санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо барномаи идона хотири иштирокдоронро шод гардониданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






