Таҷлили Наврӯзи Аҷам дар ноҳияи Файзобод

Март 27, 2017 16:52

ФАЙЗОБОД, 27.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маркази ноҳияи Файзобод ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ҷашнгоҳ сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва корхонаю муассисаҳо либосҳои миллӣ, намудҳои гуногуни хӯрок ва санъати қадимаи гузаштагонро ба намоиш гузошта, ҳунармандони ноҳия бо барномаи ҳаҷвию ҳунарӣ хотири иштирокдоронро шод гардониданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар рӯзи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ хатнатуйи 100 кӯдаки ятиму аз оилаҳои ниёзманд ва 6 тӯи арӯсӣ доир намуданд. Соҳибкорону саховатмандон ба кӯдакон либосу туҳфаи пулӣ ва ба навхонадорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Ҳамчунин ба 400 нафар иштирокдорони ҷанг ва собиқадорону маъюбон кумакҳои пулию маводи хӯрокӣ расонида шуд.

Март 27, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд