Тантанаҳои наврӯзӣ дар ҷамоати Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат
ВАҲДАТ, 29.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат Наврӯзи байналмилалиро ботантана ҷашн гирифтанд. Дар маҳфили идона сокинони ҷамоат дастархони идонаи ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллию ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла зардӯзӣ, чодардӯзӣ ва либосҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Инчунин ҳунармандону сарояндагони ҳудуди ҷамоат бо барномаҳои рангини консертӣ хотири иштирокдоронро шод гардониданд.
Тибқи иттилои масъулини ҷамоат, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ба 20 нафар ятимону маъюбон кумакҳои моддию пулӣ расонида шуд ва аз ҳисоби созмонҳои хориҷӣ ба зиёда аз 450 нафар аз оилаҳои ниёзманд либосу пойафзол тақдим карда шуд..








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






