Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе 21 март оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе 21 марти соли равон оғоз мегарданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,
Ба иттилои манбаъ, субҳи 21 март соати 09:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», Боғи фарҳангию фароғатии «Пойтахт», Боғи ба номи С.Айнӣ ва майдони «800-солагии Москва» барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои шеъру суруд бо иштироки устодони санъат баргузор мегарданд.
Ҳамчунин шоми ҳамон рӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт намоиши бошукӯҳи театрикунонидашудаи наврӯзӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида мешавад.
Дар анҷоми чорабинӣ мушакпарронии бардавом аз 7 бурҷи шаҳр дар назар аст. 22 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода намоиши ҷолиби театрикунонидашуда баргузор хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






