Тарзи ҳаёти солим-омили муҳими рушди маориф
ДУШАНБЕ, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим — омили муҳими рушди маориф» ҷамъомад баргузор шуд.
Директори филиали донишкада Муҳаммадҷон Исматдинов роҷеъ ба аҳамият ва моҳияти баргузории ҳамоиш, тарғибу ташвиқи ҳаматарафаи тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон ҳарф зад. Зикр гардид, ки дар ҳифзи саломатӣ тарзи зисту зиндагии инсон нақши муҳим мебозад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатӣ аз сатҳи маърифату маданияти аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Муносибати нодурусти инсон нисбат ба ҳаёту саломатӣ, пешаи тарзи ҳаёти носолим инсонро саодатманд намесозад. Аз ин рӯ, тарбия ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ҳамчун муносибати маҷмӯӣ дар раванди тарбия ба ҳайси омили муҳими баланд бардоштани сатҳ ва сифати таҳсилот дар низоми маорифи кишвар нақши назаррас дорад.
Дар ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Масъулияти шахс ва ҷомеа дар тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Тарзи ҳаёти солим ва омилҳои он», «Мафҳуми «тарзи ҳаёти солим» ва «Тарзи ҳаёти носолим», «Сиёсати давлатии ҷавонон ва масоили ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Фарди солим – поягузори ҷомеаи солим», «Таъсиргузории тарзи ҳаёти солим дар ташаккули ҷисмонӣ ва рӯҳию равонии ҷомеа, ҷавонону наврасон» ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуданд. Зимни музокирот ва суханрониҳо доир ба масоили мавриди назар слайдҳо ва видеороликҳо, аз қабили таъсири бади майнӯшӣ ва майзадагӣ ба саломатии инсон, нашъамандӣ ва оқибатҳои фалокатбори он, таъсири дуди тамоку, пешгирии фарбеҳшавӣ ба ҳозирин намоиш дода шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






