Таъсиси Шӯрои кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд

Март 3, 2017 09:41

ХУҶАНД, 03.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри таҳким ва ҷоннок намудани  фаъолияти  кор бо ҷавонон ва дар ин замина ташкили маҳфилу суҳбатҳо дар маҳалҳо ва ҳамчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, ифтихор аз истиқлолияти давлатӣ дар 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд Шӯрои кор бо ҷавонон таъсис дода мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, ин иқдом тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд  Шариф Шарифзода бахшида  ба Соли ҷавонон ва ҳамзамон иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  рӯи кор омадааст.

Минбаъд тибқи қарори мазкур Шӯрои кор бо ҷавонони маҳаллаҳо ҳамчун зерсохтори шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар мувофиқа бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ба роҳ монда, дар татбики сиёсати давлатии ҷавонон дар   маҳаллаҳо масъулияти асосиро бар дӯш хоҳад дошт.

 

Март 3, 2017 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад