Таъсиси Шӯрои занони соҳибкори вилояти Хатлон
ҚӮРҒОНТЕППА, 31.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шӯрои соҳибкорзанон ба кори худ оғоз намуд.
Аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои мазкур, ки бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баргузор шуд, соҳибкорзанон аз навоҳии вилояти Хатлон ширкат намуданд. Махфират Хидирзода зикр намуд, ки дар сиёсати давлатдории Тоҷикистон ҳуқуқу мавқеи зан калидӣ ба ҳисоб мераванд. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои наҷиб оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа дастгирӣ ёфтаанд.
Ҳадаф аз таъсиси Шӯро-ҳамоҳангсозии фаъолияти занони соҳибкори вилоят ва ҷалби занон дар корҳои созандагию ободонӣ, роҳнамоии ҷавондухтарону занон ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






