Тавсеаи робитаҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Туркманистон дар Ашқобод баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2017/. АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар Ашқобод дар мулоқоти Фаррух Шарифзода, Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо Вепа Хаджиев, муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон баррасӣ гардид.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон аз сатҳи муносибати дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкории мутақобил дар самтҳои гуногун ибрози назар карданд.
Дар мулоқот бахусус масъалаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба марбут ба соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, кишоварзӣ, коркарди нафту газ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






