Теъдоди «Гурдофарид»-ҳои тоҷик афзудааст

Март 7, 2017 15:49

ДУШАНБЕ, 07.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди занон ва духтарони тоҷик, ки дар мақомоти қудратии кишвар фаъолият доранд, дар зарфи 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Ин нуктаро бори дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти анъанавӣ бо фаъолзанони кишвар, ки имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир гардид, таъкид намуданд.
«Сол то сол афзоиш ёфтани шумораи занон дар мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми занон мебошад», афзуд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти ҷумҳурӣ зикр намуданд, ки тибқи таҳлилҳо айни замон шумораи занон дар мақомоти судии кишвар 235 нафар, Прокуратураи генералӣ 46, Вазорати корҳои дохилӣ қариб 1500, Вазорати мудофиа 400, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 24, Агентии назорати маводи нашъаовар 36, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 178 нафар, Хадамоти гумрук 107 ва Гвардияи миллӣ қариб 300 нафарро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумот аз 235 нафар занони дар мақомоти судӣ фаъолиятдошта 122 нафарашон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолият доранд.
Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2755 нафар занон адои хизмат менамоянд, ки аксари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд.
Дар маҷмӯъ, дар мақомоти судӣ 90 нафар ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 745 нафар занон дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд, ки ин омор аз таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат дар самти баланд бардоштани мақому мартабаи зан-модари тоҷик шаҳодат медиҳад.

Март 7, 2017 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд