Тоҷикистон дар намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии Берлин-2017 ба таври шоиста муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар намоишгоҳи байналмилалии ITB BERLIN-2017 гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид. Дар оғози кори гӯшаи Тоҷикистон муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ба намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ дар ташвиқу тарғиби Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳон аз хориҷи дуру наздик барор таманно намуданд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии захираҳои бойи таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла, «Ассотсиатсияи сайёҳии Эко-Фарҳангии Помир» «Боми Ҷаҳон Тур», «Оромсаёҳат», «Кӯҳандиз», «Саёҳатҳои кӯҳии Помир, «Дианава Т», «Помир Сафарӣ», «СкайТур», «Морхур», «ТоҷикистонТревел», «ТоҷикТур», «Ҷавоҳир», «ОриентАдвентур», «Зарафшон Маҷестик Трэйвел», «Виркан-сайр», «СариХосорТревел» «Маҷмааи кӯҳию лижаронии Сафед-Дара» дар ин намоишгоҳи ҷаҳонӣ иштирок доранд. Гӯшаи Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва замонавӣ омода гардида, ширкатҳои иштирокчӣ маводи хеле зиёди таблиғотӣ ва фарҳангиро бо маълумоти мушаххас ва сайрхатҳои ҷолиб пешкаши ҳаводорони сайру саёҳат мегардонад.
Намоишгоҳи мазкур то 12 март идома ёфта, дар кори он беш аз 188 кишвар ва садҳо ширкатҳои сайёҳии машҳури олам иштирок менамоянд. Аз кори намоишгоҳ ҳамасола наздики 250 ҳазор нафар сайёҳони воқеӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат боздид ба амал меоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






