Тоҷикобод: озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ба ҷашни Наврӯз бахшида мешавад
ТОҶИКОБОД, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар меҳмонхонаи марказии ноҳия байни ҷамоатҳои деҳот озмуни «Кадбонуи беҳтарин»-ро баргузор намуд. Дар ин бора масъулини ноҳия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Тоир Устоев ҳадаф аз баргузории озмуни мазкурро ба тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, эҳтиром ба хӯрокҳои миллӣ ва муаррифии навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллии бо маҳорати зиёд омода намудаи кадбонуҳои ноҳияи Тоҷикобод рабт дод.
Ғолибони озмун бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






