Тоҷикон дар Россия Наврӯзро аз 19 март то 6 апрел ҷашн мегиранд
ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз яке аз бошукӯҳтарин идҳо буда, ин ҷашни фархундаро дар тамоми ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз нишонаи олии некию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст.
Тавре маълум аст, теъдоди зиёди тоҷикон берун аз мамлакат, аз ҷумла дар шаҳрҳову вилоятҳои Россия кору зиндагӣ мекунанд ва мекӯшанд, то ин ҷашни аҷдодиро бо тамоми расму ойини тоҷикона таҷлил намоянд.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани иди байналмилалии «Наврӯз-2017» дар Россия имсол аз 19 март оғоз гардида, то 6 апрели соли ҷорӣ давом хоҳад кард. Ҷамъиятҳои тоҷикони Россия ҷашнҳои давлативу миллиро мунтазам таҷлил мекунанд. Аз ҷумла, Рўзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ваҳдати миллӣ, иди Наврӯз ва амсоли инҳоро.
Ҷамъиятҳои тоҷикон дар Россия кӯшиш мекунанд иду ҷашнвораҳоро якҷоя қайд кунанд. Сабаб он аст, ки роҳбарони ҳамаи ҷамъиятҳо дар ин рӯзҳо бо ҳам якҷо шуда, ҳамкории худро зич мекунанд.
Дар айни замон қариб ҳамаи ҷамъиятҳои тоҷикон дар Россия ба гузаронидани иди байналмилалии Наврӯз-2017 омодагӣ мебинанд. Ба ин маъракаҳо донишҷӯёни тоҷик, ки дар манотиқи Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, низ даъват мешаванд.
Бояд гуфт, ки Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ дар тамос мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






