Тоҷирони Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон дар Душанбе вомехӯранд
ДУШАНБЕ, 31.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон 4 апрел дар Душанбе вохӯрда, масоли марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Интизор меравад, ки дар мулоқот воридоткунандагон ва содироткунандагони нақлиёт, қисмҳои эҳтиётии автомобил, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, логистика, хӯрокворӣ, кишоварзию чорводорӣ ширкат намуда, масъалаҳои тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратиро матраҳ хоҳанд кард.
Ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ аз ҳадафҳои асосии вохӯрии доираҳои тиҷоратии кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон арзёбӣ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






