Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои васеи қабули сайёҳонро дорад
ДУШАНБЕ, 20.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯз- мероси фарҳангии сайёҳӣ» -таҳти чунин унвони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши миллии сайёҳӣ баргузор намуд.
Дар ҳамоиши мазкур роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагон аз ширкатҳои ватанӣ ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории ҳамоиши «Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ» тарғибу ташвиқи мероси бойи фарҳангӣ, ҷалби ҷавонон ба донишандӯзиву эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, анъана ва фарҳанги волои миллати тоҷик арзёбӣ гардид.
Дар ҳамоиш имкониятҳои қабул ва хизматрасонӣ ба сайёҳон баррасӣ гардида, гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои васеи қабули сайёҳонро дорад ва метавонад бо муаррифии фарҳанги волои қадимии хеш ҳамасола диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб намояд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






