Ваҳдат: Мусобиқаи баскетбол миёни бонувон
ВАҲДАТ, 03.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 2 март бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо Раёсати маориф ва бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи чорабиниҳои Соли ҷавонон бахшида ба Рӯзи Модар дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр даври ниҳоии мусобиқаи баскетбол миёни бонувон баргузор шуд.
Дар мусобиқа дастаҳо аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Ваҳдат ширкат намуданд. Дар ҷамъбаст ҷойи аввал насиби дастаи МТМУ №3, ҷойи дуюм насиби дастаи МТМУ №2 ва ҷойи сеюм насиби дастаи Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Ваҳдат гардид. Дастаҳои ғолиб бо дипломҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва медалу ҷомҳои варзишии бахши кор бо занон ва оила сарфароз гардонида шуданд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






